Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Пизишкиён ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе масъалаи Афғонистонро баррасӣ карданд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъияти кунунии Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
“Афғонистон кишвари муҳим дар ҳамсоягии мост ва рушду суботи ин кишварро ҳамсӯ бо манофеъи худ медонем. Ҳифзи амнияти марзҳо барои мо муҳим аст”- таъкид кардааст Масъуд Пизишкиён.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки дар суҳбат бо Масъуд Пизишкиён ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба миён гузошта шуд.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон дар дидор бо Масъуд Пизишкиён таъкид шуд, ки ҳамкориҳои ҳамоҳанг дар минтақа ва ҷаҳон барои мубориза бо зуҳуроти манфӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ бояд сурат гирад.
Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пизишкиён бо як сафари дурӯза вориди шаҳри Душанбе шуда, бо президенти Тоҷикистон ва дигар мақомоти олии ин кишвар гуфтугӯ намуд. Дар ин дидор асноди муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд