Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Вазири рус гуфт, қонуншикании муҳоҷирони тоҷик камтар шудааст
Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Александрович Колоколтсев гуфт, ки қонуншикании муҳоҷирони тоҷик камтар шудааст.
Владимир Колоколтсев ҳамчунин, таъкид кардааст, ки ҷазо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия коҳиш ёфтааст. Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев рӯзи 18-уми ноябр дар ҷаласаи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия дар ин маврид сухан кард.
Бояд гуфт, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои гуфтугӯ бо мақомоти полис ба Русия рафт ва бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия иттилоъ дод, ки ду ҷониб аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ намуда, барои тақвияти мубориза алайҳи он ба созиш расиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад