Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Сарвари давлат: “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”
Имрӯз, 12-уми май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.
Бинобар иттилои дастрас, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007-2024 ба наздики 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.
Афзуда мешавад, ки фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд.
“Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид”, - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад