Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Тоҷикистон ба Русия ваъда дод, ки қарзи барқро бармегардонад
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафар ба Федератсияи Русия масъалаи қарзи Тоҷикистон аз НБО "Сангтуда-1"-ро баррасӣ кард. Ҳар ду ҷониб, масъалаи пардохти қарзро ҳал карданд. Дар моҳҳои наздик созишнома оид ба баргардонидани қарзи барқ ба имзо мерасад. Дар ин бораи хабаргузории ТАСС -и Русия аз қавли Далер Ҷумъа хабар додааст.
"Мо бо ҳамкорони худ аз Федератсияи Русия ин масъаларо ҳал кардем. Дар моҳҳои наздик як нақшаи амалӣ тарҳрезӣ шудааст. Созишномаи мувофиқ оид ба ҳаллу фасли пурраи қарзи ҷамъшуда имзо мешавад" - гуфт Далер Ҷумъа.
Тоҷикистон аз ширкати муштараки Русия - Тоҷикистон "Сантуда-1" қарз дорад. Тибқи иттилои сомонаи ширкати "Сантуда-1" қарзи ширкати "Барқи тоҷик" то моҳи декабри соли 2024 ба 3,25 миллиард сомонӣ (298 миллион доллар) мерасад.
Ёдовар мешавем, ки 75% саҳмияҳои ширкати "Сангтуда-1" ба Русия тааллуқ дошта, 25% моли Тоҷикистон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард