Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Созишномаи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Малдив имзо шуд
Рӯзи 26-уми ноябри соли ҷорӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малдив созишномаеро имзо карданд, ки бар асоси он низоми раводид байни ин ду кишвар лағв мегардад. Мақомоти ду кишвар созишномаи зикршударо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба имзо расониданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои вазорати зикршуда санади ёдшударо Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва Алӣ Носир Муҳаммад, Намояндаи доимии Малдив дар ин Созмон имзо намуданд.
Тибқи созишномае, ки имзо шуд, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз низоми раводид (виза) вақти ворид шудан, хориҷ шудан ва буду боши муваққат то 30 рӯз озод мебошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, ки “Ин созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад” .
Қобили зикр аст, ки кишвари Малдив иборат аз 1996 ҷазира буда ва дар қисмате аз он одамон зиндагӣ мекунанд. Дар ин кишвар як майдони ҳавоӣ вуҷуд дорад ва он дар ҷазираи Ҳулуле - 2 километр дуртар аз пойтахт ҷойгир аст. Малдив дорои имконоти мухталифи сайёҳӣ буда ва даромади асосии ин кишвар низ аз ҳисоби ҷалби гардишгарон мебошад. Ҷазираҳои ҷаззоби ин кишвар диққати сайёҳонро ҷалб кардааст ва ҳар сол ҳазорҳо нафар аз гӯшаву канори олам ба ин ҷазира ба сайёҳат мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд