Фаъолияти дипломатии Сафири Украина дар Тоҷикистон ба охир расид
Сарвари давлат дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Сафари кории Пешвои миллат ба Рашт аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани фурудгоҳ оғоз шуд
Ҷонибек Ҳикмат ва Мигел Моратинос масъалаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNAOC-ро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон паёмовари сулҳу чеҳраи таъсиргузор дар миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Эмомалӣ Раҳмон паёмовари сулҳу чеҳраи таъсиргузор дар миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон аз таҷлили Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ёдовар шуда, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро ба ин муносибат табрик кард. Ӯ аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи минтақа махсус ёдовар шуд.
Садо додани ин паём дар ҷамъи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Рӯзи Президент моҳият ва маънои сиёсии нав бахшид. Ин нишондиҳандаи он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси яке аз роҳбарони ботаҷрибаи сиёсии Осиёи Марказӣ дар ҳаллу фасли мушкилот ва масъалагузорӣ дар сатҳи минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавқеияти хос қарор дорад.
Воқеан, агар ба таърихи газашта нигоҳ кунем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз ва дипломатияи сулҳҷӯёна нақши калидӣ дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ дорад. Чанд сол қабл, низои марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон ба яке аз низоъҳои пешгиринашаванда ва нигаронкунандаи минтақа табдил ёфта буд. Ҳич кас бовар надошт, ки дар як муддати кӯтоҳ бо дирояту ояндабинӣ ин низоъ роҳи ҳалли худашро пайдо менамояд.
Музокироти ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо роҳбарии генерал Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев сурат гирифт, яке аз таҷрибаҳои нодири ҳалли баҳсҳои марзӣ дар сӣ соли охир мебошад. Дар таҷрибаҳои ҷаҳонӣ мо шоҳиди он ҳастем, ки кишварҳои зиёд тайи 60 -70 соли охир наметавонанд ба баҳсҳои марзии худ нуқта гузоранд ва ҳар аз гоҳе дар минтақаҳои баҳсии ин кишвар ҷангҳои хунин рӯй медиҳад. Дар қитъаи Осиё мо шоҳиди баҳсҳои марзӣ аз ҷониби кишварҳои қудратманд, ба мисли Ҳинду Чин, Покистону Ҳинд, Афғонистону Покистон ва ғайра ҳастем.
Кишварҳои зикршуда бо вуҷуди доштани таҷрибаи тӯлонии дипломатия ва таърихи пурифтихори сиёсӣ ҳанӯз натавонистанд ба як роҳи ҳалли сиёсии барои ҳама ҷонибҳо маъқул даст ёбанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин рӯзҳои авҷ гирифтани низои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳи гуфтугӯро пеш гирифта, дар як муддати кӯтоҳ ба ин низоъ хотима гузошт.
Низои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон талафоти ҷониву молӣ дар пай дошт ва тайи чанд соли охир, яке аз мушкилоти нигаронкунандаи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Имзои созишномаи ниҳоӣ дар хусуси аломатгузории марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон дод, ки Тоҷикистон дар пиёда кардани дипломатияи сулҳҷӯёна дасти ниҳоят боло дорад.
Дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ гардид. Дар ин нишаст сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ санадҳои муҳимми ҳамкориро имзо карданд ва ин оғози тақвияти ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварҳо хоҳад буд.
Дар раъси ин кишварҳо, Ӯзбекистону Қазоқистон бо боло бурдани сатҳи робитаҳои шарикӣ саҳифаи навро дар самти ҳамгироӣ боз намуданд. Имзои созишномаи тиҷоратӣ дар ҳаҷми тақрибан 10 миллиарл доллари амрикоӣ дар миёни ин ду кишвар баёнгари он аст, ки Осиёи Марказӣ дар самти ҳамгироии минтақавӣ вориди марҳилаи нав шудааст.
Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои таъсиргузор дар фароянди ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим ва суботофарин иҷро менамояд. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар робита ба тақвияти ҳамгироии кишварҳои минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баёнгари нақши инкорнопазири Пешвои миллат дар миёни роҳбарони кишварҳои минтақа мебошад.
Яке аз масъалаҳои асосии низоъовар дар Осиёи Марказӣ масъалаи тақсим ва танзими об аст. Кишварҳои поёноб, ба мисли Ӯзбекистону Қазқистон бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ ҳастанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нахустин роҳбарон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки таъкид кард буд, масъалаҳои вобаста ба танзими об бо роҳи гуфтугӯи дипломатӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Бо ин нигоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёре аз баҳсҳои вобаста ба танзими обро бо роҳи гуфтугӯ ҳал кард. Тоҷикистон ба ҳайси кишвари содиркунандаи об дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи якум меистад ва ин имкон медиҳад, ки дар масъалаи ҳалли баҳсҳои обӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси кишвари таъсиргузор нақш иҷро намояд.
Сарвари кишвари Тоҷикистон бо нигоҳи сулҳмеҳвар ва мусолиматомез бо пеш гирифтани роҳи ҳал аз тариқи гуфтугӯи судманд тавонист, ки дар ин масъала дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироиро ба вуҷуд оварад.
Созишномаҳои имзошуда дар ин самт гувоҳи он мебошанд, ки масъалаи танзим ва нуқта гузоштан ба баҳсҳои якҷонибагароии об роҳи ҳалли сулҳомези худашро пайдо намояд. Ҳоло ин кишварҳо, бо якдигарфаҳмӣ на фақат масъалаи танзими об, балки бисёре аз масъалаҳои дигарро низ ҳал мекунанд.
Пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси боз намудани роҳҳои транзитиву кушодани сарҳадҳо баёнгари он аст, ки дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар асоси сиёсати дарҳои боз густариши равобит бо кишварҳои ҳамсояву минтақа дар дастури кор қарор дорад.
Мушкилоти Афғонистон ва падидаи “Толибон” (гурӯҳи террористӣ) яке аз мавзуотест, ки ҳамеша дар нишастҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи Афғонистон низ матраҳ гардид. Президенти Ӯзбекистон бо зикри ин нукта, ки Афғонистон бояд дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамроҳ шавад, ба густариш додани муносибот бо ҳукумати ҷадиди ҳоким дар Афғонистон таъкид намуд. Ӯзбекистон дар ин масъала қадамҳои ҷиддиро пеш гузошта, бо гурӯҳи террористии Толибон равобити тиҷоративу иқтисодӣ баргузор кардааст. Президенти ин кишвар низ борҳо таъкид карда буд, ки Толибон як воқияти инконнопазири Афғонистон мебошанд.
Дар миёни ин кишварҳо, бахусус роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи амалгароёнаеро пеш гирифтаанд. Сарвари кишвар дар нишастҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамеша таъкид кардаанд, ки масъалаи Афғонистон бояд бо иҷмои худи мардуми Афғонистон ҳал шавад, ҳукумати фарогир ташкил шуда, ҳуқуқи ҳама ақвом ва ҳуқуқи башар риоят карда шавад.
Гурӯҳи террористии Толибон, ки дар гузашта бо гурӯҳҳои террористӣ дар иртибот буданд, яке аз мушкилоти бузурги амниятӣ дар минтақа мебошанд. Бисёре аз кишварҳо, бо вуҷуди барқарор намудани равобити дипломатӣ ба ҳукумати Толибон бо нигоҳи ноумедкунанда менигаранд. Онҳо таҳдидҳои амниятӣ, бахусус лона гузоштани гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварро бузургтарин таҳдиди минтақавӣ медонанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати воқеъгароёна ба таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд. Маҳз, бо пешниҳоди Пешвои миллат кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амниятӣ Дастаҷамъӣ оид ба сохтани девори дифоии низомӣ ё сипари ҳимоявӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон розӣ шуданд.
Ҳимояти марзи Тоҷикистон аз Афғонистон омили муҳимми таъмини субот дар Осиёи Марказӣ аст. Ва, Тоҷикистон дар ин самт, дар давоми 30-соли ахир нақши таъйинкунанда бозидааст. Таҷаммуи гурӯҳҳои террористӣ, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ғайра муҳимтарин омилҳои нигаронкунанда аст.
Суханронӣ ва пешниҳодҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин нишаст фазои нави ҳамкорӣ ва ҳамгироиро дар минтақа ба вуҷуд хоҳад овард. Дар ин нишаст Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду пешниҳоди муҳим, аз ҷумла таъсиси маркази зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе ва таъсиси маркази инноватсия ва маориф дар Осиёи Марказиро матраҳ намуданд. Сарвари кишвар оид ба нақш ва мавқеи мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки минбари он бо эътимод мавқеи худро ба ҳайси иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ уствор мегардонад.
“Дар ин зимн муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва мо тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебарем”- таъкид намуданд роҳбари давлат.
Дар ҷараёни суханронӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои дар гузашта бадастомадаро заминаи мусоид барои густариши маҷмуи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб аст.
Дафтари матбуоти Президент навишт, ки “Эмомалӣ Раҳмон аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд”.
Дар ин нишаст сарвари кишвар таъкид намуданд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Роҳбари давлат таъкид карданд, ки минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ аст.
“Оид ба аҳамияти қабули Консепсияи таъмини амният, субот ва рушди устувори минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфта шуд, ки ин санад барои таъмини амну субот, тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамаҷонибаи минтақаи мо нигаронида шудаанд, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад”- менависад дафтари матбуоти Президент.
Сарвари кишвар рушди иқтисодро яке аз заминаҳои устувори оянда номида, таъкид карданд, ки иқтисоди минтақавӣ ба воситаи ҳамкорӣ ва навовариҳо густариш дода мешавад. Зикр шуд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, густариши навъҳои нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои созанда зарур мебошад. Президенти кишвар дар ин нишаст таъкид намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётиву логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад.
Дар ҷараёни суханронӣ дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба аҳамияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳким додани ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин соҳа, пешниҳод карданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои таҳқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ аст.
Ҳамчунин, роҳбари давлат таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷоратӣ электрониро муҳим донистанд. Зикр шуд, ки татбиқи ин ташаббус на фақат ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки боиси афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа хоҳад шуд.
“Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ доштани амнияти минтақавии устуворро яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номиданд, зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунанда боқӣ мемонанд”- менависад дафтари матбуоти Президент.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд