Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ созишномаи муҳимми гумрукӣ имзо кард
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Подшоҳии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ва ёрии дуҷонибаи маъмуриро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба имзо расониданд.
Ин созишнома дар ҷараёни нишасти 145-146 –уми Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук, ки дар шаҳри Брюссел доир шуд, имзо гардид.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ, роҳбари Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ созишномаро аз номи кишварҳои худ имзо карданд.
Мақомот мегӯянд, ин созишнома барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар шароити муҳимми ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо дар мубориза бо қочоқ, мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва таҳкими амнияти сарҳадӣ тақвият ёбанд.
“Амалӣ кардани созишномаи мазкур метавонад ба рушди савдои дуҷониба ва беҳбудии фазои сармоягузорӣ мусоидат намояд” – зикр шудааст дар изҳороти расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Созишномаи нави гумрукӣ дар замоне имзо мешавад, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ва густариши равобити иқтисодӣ бо шарикони муҳимми худ дар Ховари Миёна талош меварзад. Мақомот изҳори умед мекунанд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва таъсиси имкониятҳои нави ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Риёз замина мегузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд