Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таваҷҷуҳ ба масъалаи Афғонистонро кам кунад”
Ба чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи сиёсати аграрӣ» тағйироту иловаҳо ворид гардид
Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид
Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд.
"Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат - “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем", - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СААД-ро номбар намуда, таъкид доштанд, ки ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда, тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои пайдошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар таъкид карданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзо омода аст ва хоҳони ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи афзалиятҳои пешниҳодшуда мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд