21.06.2025 12:57
Ба пешвози 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бар асоси нақша бунёди 950 иншооти таъиноташ гуногун бо суръат идома дорад. Мақомоти расмии вилоят иттилоъ медиҳанд, ки то ба имрӯз 900 иншоот ба истифода дода шуда ва нақша 94 фоиз иҷро шудааст.
21.06.2025 12:49
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти нави саноатӣ, аз ҷумла се парки инноватсионии саноатию технологӣ, иборат аз 14 коргоҳи истеҳсолӣ ва шаш корхонаи дигар ба истифода дода мешавад.
21.06.2025 12:43
Дар ҷаласаи умумии Форуми чоруми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар вақти суханронии муовини сарвазири Русия Александр Новак беш аз 50 намояндаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо толорро тарк кардаанд.
21.06.2025 11:29
Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии имрӯзаш дар нишасти Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева ҳамлаҳои Исроил бар зидди Эронро башиддат маҳкум намуда, афзуд, ки “ҳар гуна тавҷеҳ барои ин ҷанги ноодилона ширкат дар ҷинояти бузург хоҳад буд”.
21.06.2025 11:22
Дар пасманзари оғози ҷанг миёни Исроил ва Эрон масъалаи озодии расонаҳо ва нақши онҳо дар ин муноқиша ба мавзуи доғ табдил шудааст.
20.06.2025 19:22
Владислав Даванков гуфт, дар давоми як моҳ интизор меравад, ки Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ин дархост посухи расмӣ диҳад.
20.06.2025 17:42
Як таҳлилгари исроилӣ бо таҳлили вазъияти тавоноиҳои мушакии Исроил навишт, ки муҳимоти дифои ҳавоии Исроил дар муддати аз 5 то 10 рӯзи охир ба поён хоҳад расид.
20.06.2025 17:30
Оятуллоҳ Сиистонӣ, рӯҳонӣ ва роҳбари шиаёни Ироқ бо нашри изҳорот ҳамлаи Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард. Ӯ ба Исроил ва Амрико ҳушдор дод, ки терори роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ барои минтақа фоҷеабор хоҳад буд.