Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт
Аз амнияти минтақа то масъалаи муҳоҷират. Сарони Тоҷикистону Русия мулоқот намуданд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
7-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза”-и Туркманистон иштирок намуд.
Бинобар иттилои маркзаи матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон масъалаҳои марбут ба тақвияти равобити сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия ва равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин, вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро мувофиқа намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Кумитаи дин барои интихоби роҳбаладони ҳаҷ озмун эълон кард
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард