Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Ба Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд
21-уми декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки 31-уми марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”