08.07.2025 11:42
Тайи солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишнома имзо гардида, ҷавонони зиёд аз ҳисоби бурсияҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд. Ин иқдом ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бештару беҳтар касбҳои бозоргирро дар беҳтарин муассисаҳои олии касбӣ аз худ карда, мутахассиси сатҳи баланд гарданд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар макотиби миёна ва олии касбии хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд, ки умед аст пас аз хатм ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд.
08.07.2025 11:39
Аз 25-ум то 27-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Уланбатори Муғулистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо Ulaanbaatar Grand Slam-2025 баргузор мегардад.
08.07.2025 11:35
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар як паёми видеоӣ ба Маҷлиси умумии гурӯҳи БРИКС дар шаҳри Рио-де Жанейро аз нуфуз ва иқтидори афзояндаи ин эътирофи иқтисодиву сиёсӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, БРИКС имрӯз дигар на фақат як платформаи минтақавӣ нест, балки ба як маркази таъсиргузори ҷаҳонӣ табдил меёбад, ки метавонад ҷойгузини сохторҳои суннатии ҷаҳонӣ шавад.
08.07.2025 11:23
Илон Маск, сарватмандтарин марди ҷаҳон ва мудири иҷроияи ширкати Тесло бо эълони таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Ҳизби Амрико” низоми сиёсии дуҳизбии Иёлоти Муттаҳидаро таҳти суол қарор дод. Ӯ ин иқдомро посухе ба “низоми фасодзадае, ки дигар мардуми Амрикоро намояндагӣ намекунад” унвон кард.
08.07.2025 10:58
Як гурӯҳ нухбаҳои расонаӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон, иборат аз 450 нафар бо нашри як изҳорот аз фаъолияти шабакаи телевизионии “Ирон интернешнл” шадидан интиқод намуда, гуфтаанд, ки ин расона дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба хоки Эрон ба минбари Исроил табдил шуда буд.
08.07.2025 10:26
Имрӯз, 8- июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
08.07.2025 08:44
Дар ҳоле, ки музокироти эҳтимолии атомии Эрон бо Иёлоти Муттаҳида дубора дар маркази таваҷҷуҳи байналмилалӣ қарор дорад, мақомоти Исроил аз эҳтимоли гирифтани иҷозаи нав барои ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи ҳукумати Доналд Трамп хабар медиҳанд.
08.07.2025 08:21
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон се шаҳрвандро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кард.