Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
29.09.2026 17:04
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия мегӯяд, неруҳои ин кишвар ду шаҳраки дигар - Веселое Поле дар вилояти Донетск ва Крейдянка дар вилояти Харковро таҳти назорат гирифтаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия ва Украина ҳамарӯза дар бораи вазъи ҷанг хабар медиҳанд, Маскав аз пешравии неруҳои худ ва тасарруфи ду шаҳраки нав хабар додааст.
Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шаҳраки Веселое Поле дар Ҷумҳурии Халқии Донетск ва шаҳраки Крейдянка дар вилояти Харковро “озод” кардаанд.
Ҷанги Русия ва Украина аз 24-уми феврали соли 2022 оғоз шуда, даргириҳои низомӣ ҳамоно идома доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Русия бо вуҷуди ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ аз Киев, ҳоло бар беш аз “20 дарсади қаламрави Украина” назорат дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
13.11.2026 18:10
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақвияти ҳамкориҳои саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши маҳсулоти арзишмандро баррасӣ намуданд.
13.11.2026 18:05
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33
Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард
Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.
13.11.2026 14:03
Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд
Имрӯз, 13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
13.11.2026 14:01
Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанберо ифтитоҳ намуданд.
13.11.2026 14:00
Тоҷикистон аз аъзои СААД барои ҳифзи марзи Афғонистон кумаки бештар талаб кард
Тоҷикистон мехоҳад кишварҳои аъзои СААД (Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) дар таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон масъулияти бештарро бар уҳда гиранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бунёди дидбонгоҳҳои нав ва навсозии инфрасохтори сарҳадӣ кофӣ нест ва барои ин ҳимояти муштараки муттаҳидон зарур мебошад.
13.11.2026 11:58
“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
“Раванди сабз” ба раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ эълон кард, ки неруҳои ин гурӯҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби вилояти Панҷшерро оташ задаанд. Аммо масъулони мактаб гуфтаанд, ки сӯхтор дар ин мактаб ба фаъолияти неруҳои Амруллоҳ Солеҳ рабт надошта, бар асари такиши балони газ рӯй додааст.
13.11.2026 11:51
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон вазъияти Эронро зери назар дорад ва барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар омода аст. Ӯ гуфт, дигар ИМА ба созиш бо Эрон ниёз надорад.
13.11.2026 11:43
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Русия бо роҳбарии муовини Сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук рӯзи 12-уми ноябр як ҳайати иқтисодии беш аз 70 нафараро ба Кобул фиристодааст. Ҳадафи ин сафар баррасии густариши тиҷорат ва ҷалби сармоя ба Афғонистон гуфта мешавад. Дар ин ҳайат беш аз 70 соҳибкор аз ширкатҳои мухталифи Русия ҳузур доранд.
13.11.2026 11:26
Сарвари давлат бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 13-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.