Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”
Домоди Трамп: “Ҳамаи гузинаҳо алайҳи Эрон рӯи миз аст”
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Тэмми Дакворт, сенатори амрикоӣ, аз Конгресси Амрико хостааст, ки буҷаи ҷанг алайҳи Эронро қатъ карда, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишварро, маҷбур ба поён додани ин даргирӣ кунад.
“Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи шанбе, 28-уми ноябр, гузориш додааст, ки ин сенатори амрикоӣ бо ишора ба хароҷоти изофии амрикоиҳо дар пайи ҷанг бо Эрон, хостори поёни ин ҷанг шудааст.
Ӯ гуфтааст: “Вақти он расидааст, ки Конгресс буҷаи ин даргириро қатъ кунад ва раиси ҷумҳурро маҷбур созад, ки ба он поён диҳад”.
Ин сенатори демократ таъкид кардааст, ки амрикоиҳо аз замони оғози ҷанг бо Эрон барои ҳар хонавода беш аз 1 ҳазору 200 доллари изофӣ барои хариди бензин ва сӯзишвории дизелӣ харҷ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ бархе аз сенаторҳо ва аъзои Маҷлиси намояндагони Амрико хостори поёни ҷанг бо Эрон ва қатъи кумакҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба Исроил шуда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд