Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Путин дар музокироти Истанбул бо Зеленский ширкат намекунад
Дар ҳоле, ки бисёре аз расонаҳои ғарбӣ аз эҳтимоли ҳузури Владимир Путин дар музокироти сулҳи Истанбул бо Владимир Зеленский хабар дода буданд, Кремл шаби чоршанбе, 14-уми май эълон кард, ки Владимир Путин дар ин гуфтугӯҳо ширкат нахоҳад кард.
Музокироти Истанбул нахустин музокироти мустақими Русия ва Украина баъд аз се соли ахир аст. Чанде қабл Владимир Зеленский хостори музокироти мустақим ва рӯ дар рӯ бо Владимир Путин шуда буд. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ эълони омодагӣ намуда буд, ки дар раванди оғози гуфтугӯҳо ва расидан ба як роҳи ҳалли маъқул кумак менамояд.
Рӯзи гузашта президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки агар Владимир Путин ба Истанбул ояд, ӯ низ ба мизи музокира хоҳад пайваст. Доналд Трамп бо як сафари чандрӯза дар Ховари Миёна қарор дорад ва ҳоло аз Арабистони Саудиву Қатар боздид кард.
Кремл баъди сукути тӯлонӣ ниҳоятан шаби чоршанбе ҳайати музокиракунандаи худро муаррифӣ кард. Раёсати ҳайати Федератсияи Русияро Владимир Мединский, мушовири Путин ва вазири фарҳанг, ки дар музокироти соли 2022 низ ширкат дошт, уҳдадор ҳаст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва Юрий Ушаков, мушовири калони сиёсати хориҷии Русия, ки дар музокирот бо Амрико ширкат доштанд, дар ҳайати нави музокиракунандаи Федератсияи Русия ҳузур надоранд.
Владимир Зеленский дар посух аз ҳузур наёфтани Владимир Путин дар музокироти сулҳи Истанбул гуфтааст, ки “ғайбати ӯ нишонаи рӯшан аз набуди тамоюли воқеӣ ба сулҳ аст”.
“Интизорам чӣ касе аз тарафи Русия хоҳад омад. Сипас, дар бораи қадамҳои баъдӣ Украина тасмим хоҳад гирифт”- гуфтааст Владимир Зеленский.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд