Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Зеленский роҳбарони хориҷиро, ки ба Маскав сафар мекунанд, таҳдид кард
Президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳоди оташбаси Русия ба хотири таҷлили ҷашни Ғалабаро рад кард ва гуфт, ки Киев наметавонад амнияти роҳбарони хориҷӣ дар рӯзи 9-уми май дар Маскавро таъмин кунад.
Хабаргузории “РИА Новости” навишт, ки президенти Украина пешниҳоди Русияро дар мавриди эълони оташбас дар рӯзҳои таҷлили 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро рад намуд ва таъкид кард, ки Украина наметавонад амнияти меҳмонони хориҷиеро, ки мақсади сафар ба Маскав барои ширкат дар раҳпаймоии 9-уми майро доранд, таъмин кунад.
“Украина вориди бозии сохтаи фазои писандида, ки ба Путин иҷозат диҳад, то рӯзи 9-уми май аз танҳоӣ берун шавад, намешавад”- таъкид кард Владимир Зеленский. Ӯ дар посух ба суол дар бораи сафари бархе роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Маскав афзудааст: “Мавқеи мо нисбат ба ҳамаи кишварҳое, ки рӯзи 9-уми май ба Маскав сафар кардаанд ё қасди чунин сафареро доранд, комилан рӯшан аст – мо наметавонем масъулияти он чи дар қаламрави Маскав рӯй медиҳадро ба уҳда гирем. Ин масъулият бар уҳдаи худи онҳост, то амнияти шуморо таъмин кунанд”.
Баъди изҳороти президенти Украина Дмитрий Медведев, муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Русия гуфт, агар ба маросими ҷашни Ғалаба дар рӯзи 9-уми май ҳамла шавад, рӯзи 10-уми май Украина вуҷуд нахоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд