3 Октябр 2026,
шанбе, 05:26, Душанбе
11.08.2026 08:52

Суқути ҷангандаи украинӣ дар минтақаи Одесса

Неруҳои ҳавоии Украина шоми душанбе эълом карданд, ки як ҳавопаймои ҷангии “МиГ-29”-и ин кишвар дар минтақаи Одесса суқут кардааст.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, халабон ҳангоми партоби мушак ба ҳаво назорати ҳавопайморо аз даст дода ва дар пайи он ҳавопаймо оташ гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса замоне рух додааст, ки ҷангандаи украинӣ талош дошт як паҳподи русиро ҳадаф қарор диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.