16 Ноябр 2026,
душанбе, 12:07, Душанбе
16.11.2026 08:47

Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”

Раиси ҷумҳури Украина иддао дорад, ки ҳамлаҳои ин кишвар ба зерсохторҳои нафтии Русия беш аз 55 дарсади иқтидори коркарди нафти ин кишварро аз кор баровардааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи якшанбе дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Икс” изҳор дошт, ки ҳамлаҳои неруҳои Украина беш аз 55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардаанд.

Ӯ, ҳамчунин, иддао кардааст, ки Русия дар моҳи октябр дар ҷанги зидди Украина беш аз 50 ҳазор кушта ва захмӣ додааст.

Зеленский дар шарҳи ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои нафтии Русия навиштааст: “Ин посухи асосноки мо ба худдории Русия аз коҳиш додани танишҳо ва ҳамлаҳои ин кишвар ба зерсохторҳои энергетикии Украина аст”.

Раиси ҷумҳури Украина як рӯз пеш низ иддао карда буд, Иёлоти Муттаҳида ба Киев пешниҳод кардааст, ки дар ивази ақибнишинии неруҳои Украина аз минтақаи Донбасс, узвияти ин кишвар дар Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъмин шавад.

Бо ин вуҷуд, Зеленский дар бораи ҳаҷми зарари воридшуда ба иқтидори коркарди нафти Русия ва ҳамчунин, манбаи омории иддаои худ дар бораи талафоти неруҳои Русия ҷузъиёти бештар пешниҳод накардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.11.2026 10:13

Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад

Дмитрий Песков, сухангӯи Президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки агар Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба созиши сулҳ дар масъалаи Украина омодагӣ надошта бошад, Русия метавонад барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз неруи низомӣ истифода кунад.
14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.