Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Зеленский: “155 шаҳрванди Чин дар ҷанги Русия бо Украина ширкат доранд”
Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, бар асоси иттилооти Хадамоти ҷосусии кишвар 155 шаҳрванди Чин барои артиши Русия бар зидди Украина меҷанганд. Чин ин маълумотро комилан “беасос” хондааст.
Владимир Зеленский дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки Русия шаҳрвандони Чинро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мекунад ва мақомот дар Пекин аз ин масъала огоҳ мебошанд. Ӯ афзуд, ки Украина талош дорад мушаххас кунад, ки оё неруҳои ҷалбшуда дастуре аз Чин гирифтаанд ё на.
Қаблан, Владимир Зеленский аз асир шудани ду шаҳрванди чинӣ дар ҷанги Украина хабар дода, таъкид намуд, ки мехоҳад ин ду асири ҷангии чиниро бо сарбозони украинӣ дар Русия иваз кунад.
“Ду шаҳрванди аввалини Чин боздошт шуданд. Имрӯз кормандони Хадамоти амнияти Украина бо онҳо суҳбат карданд. Мо барои рӯшан кардани тамоми ҷузъиёти иштироки ин афрод ва дигар шаҳрвандони Чин дар артиши ишғолгари Русия кор карда истодаем” – гуфт Зеленский.
Президенти Украина афзуд, номи хонавода ва иттилооти шиносномаҳои 155 шаҳрванди Чинро дорад, ки барои артиши Русия меҷанганд: “Мо бар онем, ки шумораи онҳо хеле бештар аст”. Ӯ санадҳоро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт.
Вазорати корҳои хориҷии Чин қаблан гуфта буд, Чин дар ҳоли санҷиши изҳороти Украина аст ва ҳамеша аз шаҳрвандони худ хостааст, ки аз даргирии минтақаҳои мусаллаҳона “хусусан аз иштирок дар амалиётҳои низомии ҷонибҳои даргир худдорӣ кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд