Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.
Расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки Путин рӯзи ҷумъа дар суҳбати кӯтоҳ бо расонаҳо ин нуктаро баён кардааст.
“Барои ҳама рӯшан гардидааст, ки шикаст додани Русия дар майдони ҷанг ғайриимкон аст. Расонидани шикасти стратегӣ ба Русия воқеӣ нест”, — гуфтааст раиси ҷумҳури Русия.
Путин дар идомаи суханонаш бо киноя аз кишварҳои ғарбӣ афзудааст: “Онҳое ки дар тӯли садсолаҳо талош кардаанд ба Русия шикасти стратегӣ расонанд, бояд воқеиятҳои зиндагии муосирро дарк кунанд ва бифаҳманд, ки дӯстона зиндагӣ кардан бо Русия ба нафъи мардумашон аст”.
Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳадафҳои амалиёти низомии ин кишвар дар Украина амалӣ хоҳанд шуд.
Ӯ бо истинод ба гузоришҳои расмӣ иддао кардааст, ки дар артиши Украина ним миллион сарбоз аз хидмат фирор кардаанд, аммо дар воқеъ шумораи онҳо бештар аст. Ба гуфтаи Путин, кишварҳои ғарбӣ низ аз ин масъала огоҳанд.
Путин дар бахши дигари суханонаш иддаои Киевро дар бораи талафоти ҳудудӣ беасос ва номуносиб хонда, изҳор доштааст, ки ин қаламравҳо ба гуфтаи ӯ, на қаламравҳои Украина, балки қаламравҳои таърихии Русия мебошанд.
Раиси ҷумҳури Русия дар поёни изҳороти худ таъкид кардааст, ки Маскав нияти ҷанг бо Аврупоро надорад. Ба гуфтаи ӯ, баҳсҳо дар бораи амнияти ояндаи Русия ва Украина бояд меъмории амнияти Аврупоро низ дар бар гиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид