Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Зеленский Маскавро муттаҳам ба рабудани кӯдакони украинӣ ва омӯзиши онҳо барои ҷангидан кард
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, иддао кардааст, ки Русия кӯдакони украиниро рабуда, онҳоро барои ҷангидан бо Украина омӯзиш медиҳад.
"CBS News" рӯзи якшанбе, 31-уми май, гузориш додааст, ки Владимир Зеленский ин мавзуъро дар як мусоҳибаи вижа бо ин шабакаи хабарии амрикоӣ матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, ин нахустин бор аст, ки раиси ҷумҳури Украина чунин иттиҳомеро ба таври ошкоро матраҳ мекунад.
Зеленский гуфтааст, давлати Украина далеле дар даст дорад, ки нишон медиҳад Русия кӯдакони украиниро рабуда, онҳоро барои ҷангидан алайҳи дигар украиниҳо омӯзиш медиҳад.
Тибқи гузориш, раиси ҷумҳури Украина дар ин мусоҳибаи вижа ҷузъиёти далелро, ки иддао намудааст дар ихтиёр дорад, ироа накардааст.
Ӯ афзудааст: "Тасаввурашро бикунед, ин ҷавонони украинӣ, ин писарони ҷавон, ба майдони набард меоянд ва украиниҳоро мекушанд."
Зеленский ҳамчунин, дар ин мусоҳиба афзудааст, ки Украина то кунун дастикам 20 ҳазор кӯдаки украиниро, ки ба гуфтаи ӯ ба Русия мунтақил шудаанд, шиносоӣ ва мустанадсозӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка