3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
19.08.2025 11:47

Маскав: Гуфтугӯи Путин ва Трамп “бисёр рӯшан ва муассир” буд

Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия гуфт, ки суҳбати телефонии Владимир Путин бо Доналд Трамп 40 дақиқа идома ёфта, “бисёр рӯшан ва муассир” будааст.

Ӯ гуфт, ки Трамп президенти Русия Путинро  аз ҷараёни музокироташ бо роҳбарони Аврупо ва Владимир Зеленский дар ҷараён гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб ба зарурати музокироти мустақим миёни Русия ва Украина таъкид кардаанд.

Ёрдамчии Президенти Русия афзуд, ки Путин ва Трамп масъалаи афзоиши ҳайатҳои Русия ва Украина дар музокироти сулҳро низ баррасӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи олмонии “БИЛД” хабар дод, ки Трамп дар вақти нишаст бо роҳбарони аврупоӣ ба муддати кӯтоҳ толорро тарк карда, барои тамоси телефонӣ бо Путин аз маҷлис хориҷ шуд ва сипас ба ҷаласа баргаштааст.

Умедвориҳо аз ба натиҷа расидани сулҳи Русия ва Украина дар ҳолест, ки Президенти Русия барои поён додан ба ҷанг шартҳои худро пешниҳод намудааст. Тибқи иттилоъ шартҳои асосии ҷониби Русия вогузории қаламравҳои тасарруфшуда, манъи узвияти  Украина ба НАТО, бекор кардани таҳримҳои байналмилалӣ бар зидди Русия мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.