3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:45, Душанбе
04.08.2026 14:35

Вазири энергетикаи Украина: 80 дарсади нерӯгоҳҳои барқи мо осеб дида ё нобуд шудаанд

Денис Шмигал, муовини аввали нахуствазир ва вазири энергетикаи Украина, гуфтааст, ки беш аз 80 дарсади нерӯгоҳҳои барқи ин кишвар дар пайи ҷанг осеб дида ё ба таври комил нобуд шудаанд.

Ба гузориши “Политика” (Politico), Шмигал гуфтааст, ки дар натиҷаи хисороти густарда ба зерсохтҳои энержии Украина, зарфияти тавлиди барқи ин кишвар дар зимистони гузашта ба 12 гигаватт коҳиш ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ боиси камбуди 6 гигаватт барқ дар саросари кишвар шуд.

Вай афзудааст, ки пеш аз оғози ҷанг бо Русия дар соли 2022, зарфияти умумии тавлиди барқи Украина ҳудуди 56 гигаватт буда.

Бар асоси ин гузориш, Украина аз поёни соли 2025 ҳамзамон бо сардии шадид ва идомаи ҳамлаҳо ба зерсохтҳои энержӣ бо буҳрони таъмини барқ рӯбарӯ шуд. Дар пайи ин вазъ, мақомоти Украина дар бахши энергетикии кишвар ҳолати изтирорӣ эълом карданд.

Гарчанде вазъи шабакаи барқи Украина дар моҳҳои охир то ҳадде беҳбуд ёфтааст, аммо коршиносон мегӯянд, ки ин шабака ҳанӯз ба таври комил барқарор нашудааст.

Шмигал пештар гуфта буд, ки Украина барои ҷуброни хисороти ҷанг бояд ҳудуди 10 гигаватт аз зарфияти тавлиди барқро эҳё кунад ва ҳамзамон 3 гигаватти дигар ба шакли тавлиди пароканда ба шабакаи барқ илова намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.