3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:34, Душанбе
01.05.2025 09:59

Трамп: “Путин мехост тамоми Украинаро бигирад, мо нагузоштем”

Доналд Трамп дар суҳбати ахираш бо расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки ба назар мерасад Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия хоҳони сулҳ аст. Ин изҳори назари Доналд Трамп баъди мулоқоти кӯтоҳ бо президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳамлаҳои шадиди мушакии Русия ба хоки Украина сурат мегирад.

Президенти Амрико дар суҳбат бо телевизиони “ABC News” гуфт, ки Путин мехоҳад ба ҷанг поён диҳад ва хоҳони сулҳ аст. Президенти Амрико афзуд, ки “агар мо набудем, Путин тамоми Украинаро зери назорати худ мегирифт”.

“Фикр мекунам, орзуи аслии ӯ ишғоли пурраи Украина буд... вале фикр мекунам бо сабаби ҳузури ман, ӯ дигар ин корро нахоҳад кард”.

Доналд Трамп ба суоли ин ки оё ба Владимир Путин бовар дорад, гуфт, ки “ман ба ҳеч кас 100 дарсад эътимод надорам”.

Дар ҳоле, ки талошҳои Амрико барои поён додан ва расидан ба сулҳ миёни Владимир Путин ва Владимир Зеленский идома дорад, Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи сешанбе ҳушдор дод, ки агар Русия ва Украина пешниҳодҳои мушаххас дар хусуси поён додан ба ҷанги Украина ироа накунанд, Вашингтон ба нақши миёнравии худ поён хоҳад дод.

“Мо акнун дар марҳилае қарор дорем, ки ҳар ду тараф бояд пешниҳодҳои мушаххас барои хотима додан ба ҷанг ироа кунанд. Агар пешрафте ҳосил нашавад, мо аз нақши худ ҳамчун миёнарав дар ин раванд хориҷ хоҳем шуд” – таъкид намуд сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Томми Брус.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико афзуд, ки дар ниҳоят тасмим дар мавриди идомаи талошҳои дипломатӣ ба уҳдаи президенти Амрико хоҳад буд.

Ин ду изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Владимир Путин оташбаси серӯзаро аз 8 то 10-уми май, ба хотири ҷашни тантанавии Иди Ғалаба эълон кард, аммо Украина онро рад намуд.

Хушбинӣ барои поёни ҷанги Украина ва Русия дар ҳолест, ки мақомоти се кишвар рӯзҳои охир нисбат ба раванди сулҳ бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Доналд Трамп баъди мулоқоти ахираш бо Владимир Зеленский дар Ватикан шубҳаи худро нисбат ба хоҳиши Владимир Путин барои поён додан ба ҷанги Украина изҳор дошт. Ин мулоқоти ғайринавбатӣ чанд дақиқа қабл аз маросими видоъ бо Папа Франсис дар Калисои Сент-Питер ва бидуни мушовирони ҳар ду тараф сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар суҳбат бо рӯзномаи бразилиягии “О Глобо” гуфтааст, ки шарти поёни ҷанги Украина ва Русия ба расмият шинохтани минтақаҳои зери назароти Русия аст: “Барои поён додан ба ҷанг дар Украина шинохти расмии соҳибияти Русия ба Қрим, Севастопол, минтақаҳои Донетск ва Луганс, инчунин, Херсон ва Запорожия зарурӣ аст”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.