Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Зеленский: “Украина омодаи сулҳ аст”
Президенти Украина Владимир Зеленский пас аз мулоқоти худ бо президенти ИМА Доналд Трамп дар истироҳатгоҳи Мар-а-Лагои шаҳри Палм-Бичи иёлати Флорида дар нишасти матбуотӣ масъалаи кафолатҳои амниятиро ҳамчун калиди сулҳи пойдор баррасӣ кардааст. Ӯ таъкид намуда, ки “Украина омодаи сулҳ аст”.
Зеленский афзуд, ки гурӯҳҳои музокиротии Украина ва ИМА барои ниҳоӣ кардани созишнома мулоқот хоҳанд кард ва ба шарофати ҳамкории ду ҷониб, нақшаи 20-бандӣ бо 90 дарсад пешрафт таҳия шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба хулосае расидаанд ва дар моҳи январ Доналд Трамп ба Украина даъват хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳо Доналд Трамп қаблан дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” эълон карда буд, ки пеш аз мулоқот бо Зеленский бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доштааст ва онро “хуб ва хеле самаранок” арзёбӣ кардааст.
Мулоқоти раҳбарони ИМА ва Украина рӯзи якшанбе дар Мар-а-Лаго баргузор шуд. Ба навиштаи “Ассошиэйтед Пресс”, ду ҷониб дар ин мулоқот масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодиро баррасӣ карданд, дар ҳоле ки талошҳо барои хотима додан ба ҷанг дар Украина ҳамоно идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”