3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:50, Душанбе
26.05.2025 10:36

Дронҳои Украина дар Куркс ба чархболи Путин ҳамла карданд

Чархболи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба вилояти Курск мавриди ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина қарор гирифтааст. Дар ин хусус хабаргузории ТАСС хабар дода, афзуд, неруҳои дифои ҳавоии Русия тавонистанд, ҳамлаи дронҳои Украинаро баргардонанд.

Юрий Дашкин, фармондеҳи яке аз воҳидҳои дифои ҳавоии минтақавии Русия гуфт, чархболе, ки Владимир Путинро ҳамл мекард, дар ҷараёни сафари ӯ ба Курск дар рӯзи 20-уми май мавриди ҳамлаи густурдаи дронҳои украинӣ қарор гирифт. Ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Русия 24” гуфт: “Чархболи Путин  воқеан дар маркази амалиёти дифоӣ барои рафъ кардани ҳамлаҳои густурдаи дронҳои душман қарор дошт”.

Юрий Дашкин афзуд, ки ҳамлаҳои дронҳои украинӣ бомуваффақият дафъ карда шуда, амнияти чархболи президент Владимир Путин таъмин шуд.

Павел Зарубин, журналисти рус низ тасдиқ кард, ки неруҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни сафари президент Владимир Путин ба Курск ҳамлаҳои худро идома доданд.

Владимир Путин рӯзи 20-уми май бо сафари корӣ ба вилояти Курск рафт ва бо Александр Хинштейн иҷрокунандаи вазифаи губернатор ва ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои ихтиёрӣ мулоқот намуд.

Владимир Путин ҳамчунин, ба шаҳри Курчатов рафта, бо ҷараёни сохтмони неругоҳи атомии “Курск-2” шинос шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.