3 Октябр 2026,
шанбе, 05:26, Душанбе
12.08.2026 14:15

Дар ҳамлаҳои Украина ба Новороссийск як кӯдак кушта ва ҳашт нафар захмӣ шудаанд

Дар пайи ҳамлаи шабонаи бесарнишинҳои Украина ба шаҳри бандарии Новороссийски Русия, як кӯдак кушта ва ҳашт нафар захмӣ шудаанд.

Андрей Кравченко, шаҳрдори Новороссийск, гуфтааст, ки ҳамлаи шабонаи Украина ба ин шаҳри соҳили Баҳри Сиёҳ боиси марги як кӯдак ва осеб дидани биноҳои истиқоматӣ шудааст.

Вениамин Кондратев, губернатори вилояти Краснодар, ки шаҳри бандарии Новороссийск дар он воқеъ аст, низ эълом кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо ҳашт нафар захмӣ шудаанд.

Тасвирҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ оташ ва дуди бархоста аз шаҳри Новороссийскро нишон медиҳанд. Ин шаҳр яке аз марказҳои асосии содироти нафт ва ғаллаи Русия ба шумор меравад.

Бар асоси гузоришҳо, Украина шаби гузашта чанд мавзеъ дар нимҷазираи Қримро низ ҳадафи ҳамлаи паҳподҳо қарор додааст. Михаил Развожаев, губернатори шаҳри Севастопол, гуфтааст, ки беш аз 36 бесарнишин сарнагун карда шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла ба чанд хона осеб расида, вале касе захмӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина хабар додаанд, ки Русия шаби гузашта ба шаҳри бандарии Одесса дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳамла кардааст. Сергий Лисак, раиси идораи низомии Одесса, бидуни пешниҳоди ҷузъиёти бештар гуфтааст, ки ин ҳамла ба зерсохторҳои Одесса осеб расонидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.