3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
14.08.2026 15:25

Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Русия 11 нафар кушта ё захмӣ шудаанд

Ҳамлаҳои густурдаи паҳподҳои Украина ба Русия субҳи ҷумъа, дар баробари расонидани хисорот ба зерсохторҳои ғайринизомӣ, 11 кушта ва захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, артиши Украина субҳи ҷумъа, 14-уми август бо истифода аз паҳподҳои ҳамлагар ба минтақаҳои гуногуни Русия ҳамлаҳои густурда анҷом додааст.

Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кардааст, ки 553 паҳподи украинӣ ба минтақаҳои мухталифи ин кишвар ҳамла кардаанд, ки аксари онҳо сарнагун карда шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, паҳподҳо мантақаҳои Новгород, Курск, Брянск, Белгород, Калуга, Смоленск, Твер, Псков, Орёл, Тула, Липетск, Кострома, Рязан, Ростов, Ленинград, Маскав, Краснодар, Ставропол ва нимҷазираи Қримро ҳадаф қарор додаанд.

Александр Шварев, раиси вилояти Белгород, низ эълом кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба ин минтақа, як нафар кушта ва 11 тани дигар захмӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.