3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
08.08.2026 14:37

Ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Русия ба марказҳои назорати паҳподҳои Украина

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ҷангандаҳои Су-34-и неруҳои ҳавоии ин кишвар бо истифода аз бомбаҳои ҳидоятшавандаи ФАБ ба мавзеъҳои артиши Украина чандин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд.

Ба гуфтаи ин вазорат, марказҳои назорати паҳподҳои бригадаҳои амалиётии чаҳорум ва понздаҳуми Гвардияи миллии Украина дар минтақаи Доброполе ва бригадаи 105-уми дифои ҳудудии Украина дар минтақаи Братенитсаи вилояти Харков ҳадафи ин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки навъи бомби ФАБ аз бомбаҳои сангини неруҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва неруҳои кайҳонӣ-ҳавоии Русия ба шумор мераванд.

Мақомоти Русия дар бораи мизони хисорот ё талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо ҷузъиёте нашр накардаанд. Ҷониби Украина низ то кунун ба ин иддао вокуниш нишон надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Украина ҳамчунон аз паҳподҳои дурпарвоз барои ҳамла ба ҳадафҳо дар умқи қаламрави Русия истифода мекунад.

Хабаргузории “Франс-Пресс” рӯзи ҷумъа гузориш дода буд, ки паҳподҳои Украина ба як маркази логистикии “Вайлдбериз” дар шаҳри Екатеринбург ҳамла кардаанд. Ин шаҳр беш аз 2000 километр аз марзи Украина дур аст.

Мақомоти минтақаӣ гуфтаанд, ки се паҳпод ба сақфи анбор бархӯрдаанд ва дар ин ҳодиса талафоте ба қайд гирифта нашудааст. Ширкати “Вайлдбериз” низ гуфтааст, ки оташнишонон ба сӯхтор вокуниш нишон дода, кормандон ба ҷои амн интиқол дода шудаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.