Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Медведев: “Иттиҳоди Аврупо аз ҳушдорҳои Русия чашмпӯшӣ мекунад”
Дмитрий Медведев, муовини Шурои амнияти Русия гуфта, ки тасмими Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи ҳузури дипломатии худ дар Киев, бо вуҷуди ҳушдорҳои Маскав нишондиҳандаи бетаваҷҷуҳии ин иттиҳодия ба нигарониҳои амниятии Русия аст.
Медведев рӯзи 26-уми май дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Иттиҳоди Аврупо эълом карда ҳузури дипломатии худро дар Украина бидуни тағйир ҳифз хоҳад кард.
Ӯ афзудааст, ки ба назар мерасад кишварҳои аврупоӣ “дипломатҳои изофӣ дар ихтиёр доранд ва бояд кам карда шаванд”.
Гуфтанист, ки Русия дар рӯзҳои охир ҳамлаҳои густардаи мушакии худро бар шаҳри Киев ва шуморе аз минтақаҳои дигари Украина идома додааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия эълом кардаанд, ки ин ҳамлаҳо дар посух ба ончи “ҳамлаҳои Украина бар хоки Русия” мехонанд, анҷом шуда ва ҳадафи он “таъсисоти низомӣ ва марказҳои тасмимгирӣ” дар Киев будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад