3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
10.08.2026 09:26

Ҳамлаҳои мутақобилаи Русия ва Украина панҷ кушта бар ҷой гузошт

Ҳамлаҳои Русия дар ду шаби гузашта ба саросари Украина, дастикам ду танро кушт ва даҳҳо тани дигарро захмӣ кард, дар ҳоле ки ҳамлаи паҳподии Украина ба минтақаи Белгороди Русия, ҷони се танро гирифт.

Хабаргузории “Франс Пресс”, 9-уми август, гузориш дода, ки ҳамлаҳои дурбурди Русия ва Украина алайҳи ҳамдигар дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси гузориш, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи гузашта дар расонаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки Русия 61 мушак аз навъҳои гуногунро дар ин ҳафта ба Украина партоб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Русия, ба гуфтаи Александр Шувалов, раиси муваққати минтақа, ҳамлаи паҳподии Украина ба шаҳри марзии Белгород боиси кушта шудани се тан шудааст.

Бо ин ҳол, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳар ду тарафро ба далели ҳамлаҳои такрориашон ба минтақаҳои ғайринизомӣ маҳкум кардааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.