Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Трамп: "Дидор бо президенти Украина олӣ буд. Беш аз ҳар замоне ба тавофуқ наздиктар ҳастем"
Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз мулоқоти худ бо президенти Украина Владимир Зеленский дар истироҳатгоҳи Мар-а-Лагои шаҳри Палм-Бичи иёлати Флорида, аз пешрафти назаррас дар самти расидан ба созиш барои хотима додан ба ҷанг дар Украина хабар дод.
Трамп дар нишасти матбуотии муштарак гуфт: “Мулоқот бо Владимир Зеленский олӣ буд ва мо дар роҳи расидан ба созиш пешрафти зиёде ба даст овардем”. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бо ин мулоқот, бо чандин роҳбари кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Финландия, Полша, Норвегия, Италия, Бритониё ва Олмон, низ суҳбатҳои телефонӣ анҷом дода шудааст.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Доналд Трамп дар ин бора чунин таъкид кард: “Музокирот бо роҳбарони аврупоӣ хуб буданд ва мо дар самти хотима додан ба ҷанг дар Украина пешрафти зиёд дорем”.
Трамп бо ишора ба масъалаи минтақаи Донбасс изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба созиш байни Русия ва Украина наздик шудаанд, ҳарчанд ҳанӯз як ё ду нуктаи ихтилоф боқӣ мондааст. Ӯ афзуд: “Русия мехоҳад Украина Донбассро диҳад ва ба назари ман, онҳо бояд ин дархостро бознигарӣ кунанд”. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи қаламрави Украина то ҳол мураккаб боқӣ мемонад.
Президенти ИМА бо таъкид бар зарурати поён додан ба ҷанг гуфт, ки дар сурати пешрафти мусбат, метавон дар давоми чанд ҳафта ба созиш расид. “Мо беш аз ҳар замон ба созиш дар бораи ҷанги Украина наздиктарем”, - гуфт ӯ.
Трамп ҳамчунин, аз эҳтимоли мулоқоти ояндаи Владимир Зеленский ва Владимир Путин дар “вақти муносиб” сухан гуфта, таъкид кард, ки ҳарду президент ба хотима додан ба ҷанг тамоюл доранд. Ӯ илова намуд, ки Аврупо дар таъмини кафолатҳои амниятӣ барои Украина нақши асосӣ хоҳад дошт ва Русия низ дар барқарорсозии Украина саҳм мегирад.
Дар бахши дигаре аз суханонаш, президенти ИМА гуфта, ки бо ҳамтои украинии худ масъалаи неругоҳи атомии Запорожеиро баррасӣ кардааст ва таъкид намуд, ки ин неругоҳ метавонад зуд фаъол шавад. Ӯ, инчунин, таркиби гурӯҳҳои музокиротиро шарҳ дода, гуфта, ки котибони давлатӣ, мудофиа ва дигар мақомот аз ҳарду ҷониб, ҳамчунин, намояндаи махсус Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер дар раванди ниҳоӣ кардани созиш ширкат хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”