


Дар як амалиёти Ҳамос 20 низомии исроилӣ дар Ғазза куштаву захмӣ шудааст

Трамп ба маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон 25% боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард

“Ҳизби Амрико”. Илон Маск бар зидди низоми дуҳизбии Амрико қиём мекунад

Чеҳраҳои саршиноси эронӣ мегӯянд “Ирон интернешнл” ба минбари террористон ва Исроил табдил шудааст
Русия пешниҳоди оташбаси 30 рӯза бо Украинаро баррасӣ мекунад
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки Маскав пешниҳоди оташбаси 30 рӯза бо Украинаро баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки тамосҳор дар ин хусус миёни Русия ва Амрико аз имрӯз оғоз мешавад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, ки пас аз музокироти Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ Русия ҳеч дархости расмӣ нагирифтааст.
“Мо ҷаласаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Украина, ки 11-уми март дар Ҷидда багузор шуд, бодиққат пайгирӣ намудем. Мо баёнияи тасдиқшудаи натиҷаи онро хондем, ки дар он андешаҳо гуногун аст. Дар ҳоли ҳозир мо ҳеч дархости расмӣ дар ин маврид нагирифтаем”- гуфт Мария Захарова.
Ӯ таъкид кард, ки Русия ҳамеша омодааст дар хусуси натиҷаҳои бадастомада дар музокирот бо Амрико гуфтугӯ кунад.
Дар музокироти 11-уми март дар ҷиддаи Арабистони Саудӣ Амрико ва Украина ба созиш расиданд, ки дар хусуси барқарор намудани оташбас ва оғози музокироти сулҳ бо Русия гуфтугӯ кунанд. Дар поёни нишаст Украина пешниҳоди Амрико дар хусуси оташбаси 30-рӯзаро қабул кард. Амрико бар ивази он мувофиқат кард, ки кумакҳои низомӣ ва мубодилаи иттилооти истихборотӣ бо Украинаро фавран аз сар гирад. Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио пас аз поёни нишаст гуфт, ки “акнун туб дар майдони Русия” аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”
Чиниҳо бо лазер ба ҳавопаймои олмонӣ ҳамла карданд
Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ бо иштироки 200 ширкати сайёҳӣ баргузор мегардад
Ранги сабзу сурх. Кай натиҷаи озмуни тақсимоти асосии довталабон маълум мегардад?
