27 Ноябр 2026,
ҷумъа, 10:53, Душанбе
27.11.2026 09:50

Мусофиркашонии ғайриқонунӣ. Мақомот дар Душанбе давоми ҳафта 160 ҳолатро ошкор кард

Милитсияи пойтахт давоми як ҳафтаи охир 160 ҳолати ба фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шудани ронандагонро ошкор кард.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навишт, ки бар замми таъкидҳои доимӣ, баъзе аз ронандагон ба фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шуда, ҳамзамон дар қатори дуюму сеюм таваққуф намуда, боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, давоми ҳафтаи охир кормандони бозрасии милитсияи пойтахт 160 ҳолати чунин қоидавайронкуниро ошкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин, нисбат ба номбурдагон барои ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

27.11.2026 09:49

Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
27.11.2026 08:19

Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”

Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
27.11.2026 08:09

Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
27.11.2026 07:07

Тоҷикистону Полша масоили саёсӣ ва тиҷориву фарҳангиро баррасӣ карданд

Имрӯз, 26-уми ноябри сол дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо мушовири президенти Ҷумҳурии Полша Радослав Грук мулоқот намуд.
26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.