Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Раиси ҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Украина аз тавофуқи Доналд Трамп бо Маскав барои интиқоли дизели Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ шадидан интиқод карда, коҳиши таҳримҳо алайҳи Русияро мухолифи талошҳо барои расидан ба сулҳ донистанд.
Ба гузориши расонаҳои Украина, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Сибига гуфтааст, ки коҳиши таҳримҳо алайҳи Русия на ба барқарории сулҳ мусоидат мекунад ва на вазъи бозорҳои ҷаҳонии энержиро беҳтар месозад.
Ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, Сибига таъкид кардааст, ки роҳи воқеии коҳиши нархи сӯзишворӣ расидан ба тавофуқ барои барқарории оташбас дар бахши энержӣ мебошад.
Вай ҳамчунин, эълом кард, ки Киев омода аст чунин оташбасро аз ҳамин ҳоло иҷро кунад. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Украина, имкони водор кардани Маскав ба пазируфтани ин пешниҳод вуҷуд дорад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, аз тавофуқ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои интиқоли садҳо ҳазор тонна солярка ба ИМА ва бозорҳои ҷаҳонӣ хабар додааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ ин иқдомро интиқод карда, гуфтааст, иҷоза додан ба Русия барои фурӯши маҳсулоти нафтӣ ба маънои сармоягузорӣ ба ҷанге аст, ки бояд поён ёбад, на ин ки идома пайдо кунад.
Зеленский афзуд, дар ҳоле ки тарафҳо дар бораи сулҳ суҳбат мекунанд, ИМА ба Русия имкони содироти дизелро фароҳам меорад. Вай изҳор дошт, ки эҳсос мекунад аз гурӯҳи украинӣ танҳо барои пӯшондани ин иқдомҳо истифода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин рафтор ноодилона буда, бо усулҳои муносибатҳои шарикона созгор нест.
Трамп иддао кардааст, ки Русия дар марҳилаи аввал беш аз 300 ҳазор тонна дизел пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи ноябр 500 ҳазор тоннаи дигар ва пас аз он фавран як миллион тоннаи иловагӣ ба бозор ворид хоҳад шуд.
Владимир Путин низ пас аз гуфтугӯ бо Трамп эълом кард, ки Маскав омода аст ба ИМА ва бозорҳои ҷаҳонӣ нафт ва маҳсулоти нафтӣ пешниҳод кунад. Раиси ҷумҳури Русия ворид шудани нафти ин кишвар ба бозори Амрикоро барои иқтисоди ҷаҳонӣ дорои паёмадҳои мусбат донист.
Ин тавофуқ дар шароите матраҳ шудааст, ки Трамп ба далели буҳрони тангаи Ҳурмуз ва болоравии шадиди нархи сӯзишворӣ, дар остонаи интихоботи миёндавраии Конгресси ИМА, таҳти фишори зиёд қарор дорад. Ӯ қаблан аз Украина хоста буд ҳамлаҳо ба полоишгоҳҳои нафтии Русияро қатъ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд