Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Тарҳи Путин барои сулҳи Украина. Табодули замин, манъи узвияти Украина дар НАТО ва кафолатҳои амниятӣ
Бархе расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Рейтерз ҷузъиёти пешниҳоди Русия барои сулҳи Украинаро фош карданд. Бар асоси ин иттилоъ, Владимир Путин ба Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки барои расидан ба сулҳ табодули замин, манъи Украина барои узвият ба НАТО, эътирофи ҳокимияти Русия ба Қрим ва таъмини кафолатҳои амниятӣ дар назар гирифта шавад.
Сарчашмаҳои огоҳ навиштанд, ки Русия омода аст, қисматҳои хурди минтақаҳои ишғолшуда дар шимоли Украина (вилояти Суми ва Харков)-ро ба Украина бозпас диҳад ва бар ивази он Украина пурра аз Донетск ва Луганск хориҷ шавад. Дар баробари ин, Русия хатти ҷабҳаро дар вилояти ҷанубии Херсон ва Запароже “тақвият” мекунад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Киев таъкид карда буд, ки хориҷ шудан аз Донетск ғайриқобили қабул аст, зеро он барои амнияти сарҳадии Украина аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Тибқи иттилои лоиҳаи харитасозии “DeepState” Русия ҳоло тақридан 440 км масоҳатро дар Харков ва Суми назорат мекунад.
Владимир Путин ҳамчунин, мехоҳад эътирофи расмии ҳокимияти Русия бар Қрим таъмин шавад, минтақае, ки соли 2014 ба Русия ҳамроҳ карда шуд, вале то ҳол аз ҷониби Аврупо ва Украина эътироф нашудааст.
Ба ҷуз ин, Маскав хостори расмӣ шудани забони русӣ дар қисматҳое аз Украина ва озодии фаъолияти Калисои православии русӣ аст. Киев ин Калисоро ба ҳамкорӣ бо Маскав дар ҷанги зидди Украина муттаҳам мекунад, ки ин иттиҳомро худи Калисо рад менамояд.
Яке аз шартҳои асосӣ манъ кардани узвияти Украина дар НАТО аст. Ин дархост мухолифи қонуни асосии Русия мебошад, зеро Киев узвиятро мақсади стартегии худ мешуморад. Сарчашмаҳои Рейтерз мегӯянд, ки Владимир Путин омода аст кафолатҳои амниятии дигареро пешниҳод намояд.
Доналд Трамп низ ба роҳбарони Аврупо пешниҳод кардааст, механизме монанд ба моддаи 5-и НАТО барои Украина роҳандозӣ шавад, вале бидуни узвияти расмии ин кишвар дар эътилоф.
Владимир Зеленский, Президенти Украина қарор аст, имрӯз ба Вашингтон равад, то бо Доналд Трамп дар бораи нақшаи эҳтимолии сулҳ гуфтугӯ кунад.
Доналд Трамп дар мусоҳиба бо “Фокс Нюз” гуфт, ки бо Путин “то андозае” дар мавриди мубодилаи қаламрав мувофиқа кардааст, вале таъкид намуд, ки қарори ниҳоӣ аз Киев вобаста мебошад: “Шояд онҳо бигӯянд, на”. Ӯ таъкид кард, ки Путин то расидан ба созишномаи ниҳоӣ омодаи барқарории оташбас нест, ҳол он ки Зеленский оташбасро пешшарти музокирот медонад.
Ба гуфтаи сарчашмаҳои наздик ба музокирот ҳоло номаълум аст, ки пешниҳоди Владимир Путин як қадами ибтидоӣ барои оғози гуфтугӯҳост ё пешниҳоди ниҳоӣ. Бо вуҷуди ин ки дар музокироти Аляска ҳич натиҷаи амалӣ ба даст наомад ва ҳич санаде имзо нашуд, ду ҷониб изҳор доштанд, ки имкони идомаи гуфтугӯҳо дар оянда вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”