3 Октябр 2026,
шанбе, 05:24, Душанбе
02.08.2025 10:19

Путин: “Мо ба як сулҳи пойдор ва дарозмуддат бо Украина ниёз дорем”

Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия гуфт, “мо ба як сулҳи дарозмуддат ва устувор бо Украина ниёз дорем, ки бар асоси принсипҳои хуб бунёд шуда, ҳам манфиатҳои Масква ва ҳам манфиатҳои Киевро таъмин намояд ва амнияти бархе кишварҳои дигарро низ замонат диҳад”.

Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои беларусии худ дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон гуфт: “Музокиракунандагони ҷониби Украина, ки бо эҳтиёт пешниҳод кардаанд, бояд дар бораи амнияти Аврупо ба ҳайси як маҷмуа суҳбат кунем, дуруст мегӯянд. Ҳалли буҳрони Украина метавонад дар доираи амнияти панаврупоӣ баррасӣ шавад”.

Президенти Русия таъкид намуд, ки ӯ ҷонибдори расидан ба як сулҳи дарозмуддат дар Украина аст. Сулҳе, ки ҳич муҳлати муайян надошта бошад. Путин афзуд: “Ҳадафи аслии Масква аз миён бурдани иллатҳои буҳрони Украина ва таъмини амнияти Русия аст ва мо ин мавзуъро соли гузашта дар мулоқот бо масъулони Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид намудем”.

Ӯ ёдовар шуд, шартҳое, ки Русия тобистони соли 2024 доир ба масъалаи Украина пешниҳод кард, тағйир накардаанд ва масъалаи асосӣ решакан намудани сабабҳои низоъ аст.

“Албатта, масъалаҳои башардӯстона низ бояд дар баробари масъалаҳои амниятии Русия ва Украина, ба таври ҷиддӣ баррасӣ шаванд” – афзуд Владимир Путин.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.