Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд
Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
Маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об навиштааст, ки зимни боздид масъалаҳои вобаста ба ҳолати техникии таҷҳизоту иншооти неругоҳ, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти мунтазами он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иқтидори лоиҳавии неругоҳи мазкур 1006 кВт (ду гидроагрегат х 503 кВт) буда, ҳоло неругоҳ бо иқтидори 380 кВт фаъолият дорад.
"Вазири энергетика ва захираҳои об бо таъкид ба аҳамияти истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ, ба масъулон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳ, таъмини кори устувори гидроагрегатҳо ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани таҷҳизоту иншоот дар тамоми фаслҳои сол дастуру супоришҳои мушаххас доданд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд
Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд
Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд