3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
10.08.2026 14:54

Дар ҳамлаи паҳподии Украина ба Русия 12 нафар кушта шуданд

Радмир Беляев, шаҳрдори Нижнекамск, эълом кардааст, ки дар ҳамлаи паҳподии Украина ба ҳадафҳои саноатӣ ва ғайринизомӣ дар ин шаҳр дар минтақаи Тотористони Русия, дастикам 12 тан кушта шудаанд.

“Ройтерз” рӯзи душанбе, 10-уми август, гузориш додааст, ки дар ин ҳамла 39 тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Бар асоси ин гузориш, як корхонаи коркарди нафт дар ин минтақа, ки аз пешрафтатарин корхонаҳои коркарди нафти Русия ба шумор меравад, дар ин ҳамла ҳадаф қарор гирифтааст.

Украина дар моҳҳои охир ҳамлаҳои худро ба корхонаҳои коркарди нафти Русия афзоиш додааст: маъракае, ки ба гуфтаи мақомоти Русия, дар бахшҳое аз ин кишвар ба камбуди сӯзишворӣ сабаб шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.