3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
12.08.2026 09:59

Украина муддаии ҳамлаи Русия бо мушакҳои сохти Кореяи Шимолӣ шуд

Украина иддао кардааст, ки ҳамлаҳои ахири мушакии Русия бар ин кишвар, ки дастикам 10 кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт, бо партоби мушакҳои сохти Кореяи Шимолӣ анҷом шудааст.

Хабаргузории “Франс”, рӯзи чаҳоршанбе, 12-уми август, гузориш дод, Украина ин иддаоро пас аз он матраҳ кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури ин кишвар, ҳушдор дод, ки Маскав дар ҳоли дарёфти мушакҳои баллистикӣ аз Кореяи Шимолӣ аст.

Бар асоси гузориш, як шаҳр дар ҷанубу шарқи Украина, дар охирин ҳамлаи шабонаи Русия бештар осеб дид ва мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳафт тан кушта ва 24 тан захмӣ шуданд.

Бо ин ҳол, Зеленский ахиран ҳушдорҳои худро дар мавриди амиқтар шудани равобити низомӣ байни Маскав ва Пхенян такрор карда ва дар айни ҳол хостори таъмини бештари таҷҳизоти дифои ҳавоии ғарбӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.