Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан
Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
Губернатори вилояти Рязан Павел Малков рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки ҳамлаи густурдаи бесарнишонҳои Украина боиси сар задани сӯхтор дар як корхонаи коркарди нафт шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, миқдори зарари расида ба иншоот муайян карда мешавад ва гурӯҳҳои наҷотбахш дар маҳалли ҳодиса фаъолият доранд. Малков ҳамчунин, гуфта, ки дар ҷойи дигар як анбор низ осеб дидааст, аммо дар бораи навъи анбор ва ҳаҷми зарар маълумоти бештар надодааст.
Корхонаи коркарди нафти Рязан ба ширкати бузурги нафтии Русия – “Роснефт” тааллуқ дорад ва дар таъмини сӯзишвории шаҳри Маскав нақш дорад. Ин корхона дар моҳҳои охир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои паҳподҳо қарор гирифтааст. Аз рӯйи омор иқтидори он тақрибан панҷ дарсади тамоми иқтидори коркарди нафти Русияро ташкил медиҳад.
Ҳамлаҳо дар пасманзари баҳси оташбас
Ин ҳамла дар ҳоле рух додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, рӯзи якшанбе гуфта буд, Русия ва Украина дар бораи “оташбас дар бахши энергетика” ба мувофиқа расидаанд. Бо вуҷуди ин, ҳеч яке аз ду ҷониб чунин созишро тасдиқ накардааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар суҳбат бо рӯзномаи “Файнэншл Таймз” гуфтааст, ки Киев барои эҳтиром ба дархости ИМА ҳамлаҳо ба иншооти энергетикиро се рӯз қатъ карда буд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, Украина ин ҳамлаҳоро аз сар хоҳад гирифт, зеро Русия ҳамчунон ба зерсохторҳои энергетикии Украина ҳамла мекунад.
Агарчи маълум нест, ки ҳамлаи ахир ба корхонаи Рязан ба гунаи мустақим ба баҳси оташбас иртибот дорад ё не, ин ҳодиса нишон медиҳад, ки масъалаи ҳифзи зерсохторҳои энергетикӣ ҳамчунон яке аз мавзуъҳои баҳсбарангези ҷанги Русияву Украина боқӣ мондааст.
Чораҳои амниятӣ дар вилояти Рязан
Ба гуфтаи губернатори вилоят, бар асари ҳамлаҳои густурдаи бесарнишонҳо, фаъолияти мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар ду минтақаи вилоят барои муддате қатъ карда шудааст.
Мақомоти Русия то замони нашри ин хабар дар бораи талафоти ҷонӣ ё шумораи дақиқи бесарнишонҳо маълумот надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид