3 Октябр 2026,
шанбе, 05:25, Душанбе
19.04.2025 08:56

Марко Рубио: “Талошҳо барои сулҳи Русия ва Украина қатъ мешаванд”

Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио рӯзи ҷумъа гуфт, ки Доналд Трамп президенти Амрико чанд рӯзи оянда талошҳои миёнравӣ барои расидан ба созиши сулҳ миёни Русия ва Украинаро қатъ хоҳад кард. Ӯ гуфт, агар нишонаҳои рӯшани дастёбӣ ба ин созиш вуҷуд надошта бошад, талошҳо қатъ хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи панҷшанбе ба шаҳри Парижи Фаронса сафар карда, бо масъулони ин кишвар гуфтугӯ кард. Ин нишаст бо мақсади тақвияти дифоъ аз Украина дар баробари ҳамлаҳои бесобиқаи Русия баргузор гардид.

Марко Рубио баъди мулоқот бо роҳбарони Аврупо ва Украина дар шаҳри Париж гуфт, ки президент Доналд Трамп ҳанӯз барои расидан ба як созиш алоқаманд аст. Ӯ таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба авлавиятҳои дигари ҷаҳонӣ пешрафте мушоҳида нашавад, омода аст, аз ин талошҳо даст кашад.

 “Мо қасд надорем ҳафтаҳо ва моҳҳо ба ин талош идома диҳем. Аз ин рӯ, бояд бисёр зуд тасмим гирем ва ман дар хусуси чанд рӯз суҳбат мекунам, ки оё метавон дар чанд ҳафтаи оянда ин корро анҷом дод ё не? Агар тавонем, мо ҳастем. Агар не, мо авлавиятҳои дигаре дорем, ки бояд рӯи онҳо фикр кунем” – гуфт Марко Рубио.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Доналд Трамп баъди ба мақоми президентӣ интихоб шуданаш гуфта буд, ки ҷанг миёни Русия ва Украинаро ҳал карда, сулҳро барқарор мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.