13 Октябр 2026,
сешанбе, 09:40, Душанбе
13.10.2026 08:53

Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем

Маскав ҳамоно аз музокирот барои ҳалли сиёсию дипломатии буҳрони Украина ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин бора Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Ба гузориши расонаҳо, Галузин рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Известия” гуфтааст, ки Русия ҳамеша барои музокирот омода буд ва ҳоло низ омода аст.

Ӯ дар бораи замони баргузории музокирот афзудааст, ки Маскав ин масъаларо ҳанӯз баррасӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Галузин, амалҳои Киев дар ҷараёни интихоботи порлумонии Русия имкони азсаргирии музокиротро дар марҳалаи кунунӣ аз байн бурдаанд. Бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кардааст, ки мавқеи Русия тағйир наёфтааст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия афзудааст, ки Маскав вобаста ба рушди минбаъдаи вазъият дар бораи азсаргирии гуфтугӯҳо оид ба Украина қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин, хабаргузории “Спутник” хабар додааст, ки шаш узви комиссияи интихоботии Русия дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Украина кушта шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.
12.10.2026 15:18

Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам

Соро Муҳаммад Солим, зодаи кишвари Миср аст. Ӯ рисолаи доктории худро дар мавзуи романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар факултети забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дифоъ кардааст. Ҳоло ӯ дар ҳамин донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти форсӣ ба донишҷӯён таълим медиҳад.