Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Трамп: “Нафрати миёни Путин ва Зеленский монеаи асосии сулҳи Украина аст”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки ихтилоф ва нафрати миёни президентҳои Русия ва Украина яке аз сабабҳои асосии идома ёфтани ҷанг аст. Ӯ таъкид намуд, ки ду кишвар ба созиши сулҳ наздик шудаанд.
Дар ин бора Доналд Трамп дар суҳбат бо барномаи “60 дақиқа”-и шабакаи “CBS News” изҳори назар кард. Ӯ дар посух ба суоли ин ки чӣ гуна ба ваъдаи худ дар хусуси поён додани ҷанги Украина амал мекунад, гуфт, ки агар ӯ дар мақоми президент мебуд, ҷанг дар Украина оғоз намешуд.
“Ҷанг оғоз шуд ва ман онро мерос гирифтам”- таъкид намуд президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Доналд Трамп таъкид кард, ки имкони ба созиш расидани Маскав ва Киев ҳанӯз вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, музокирот ба натиҷа наздик аст ва нақши худро дар талошҳои сулҳ муҳим арёзбӣ намуд.
Чунин изҳори назар дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамлаҳои Русия ва Украина бар зидди якдигар идома дорад. Доналд Трамп моҳи гузашта хабар дода буд, ки ду ҷониб барои қатъи ҳамлаҳо ба зерсохтҳои энергетикӣ ба мувофиқа расидаанд. Аммо баъдан дубора ҳамлаҳо ба зерсохтҳои якдигарро оғоз намуданд.
Бар асоси гузориши расонаҳои амрикоӣ ҷанги Украина ба яке аз баҳсҳои доғи ҷиноҳии сиёсати дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табдил ёфтааст. Доналд Трамп дар моҳҳои охир афзоиши нархи сӯзишвориро ба ин низоъ рабт дода буд. Ҷанги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар зидди Эрон низ ба афзоиши нархи сӯзишворӣ таъсир гузошт. Ин вазъият барои Ҷумҳурихоҳон дар остонаи интихоботи миёндаврии Конгресс мушкил эҷод кард ва дар он демократҳо пирӯзии назаррас ба даст оварданд.
Қарор аст рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе музокироти сеҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Украина дар Абу-забӣ баргузор шавад. Ҳадафи ин музокирот ёфтани роҳи ҳалли поён додан ба ҷанги Украина мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд