Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
ЗЕЛИНСКИЙ: КОРИЯИ ШИМОЛӢ САРБОЗОНАШРО БА РУСИЯ БАРОИ ҶАНГИ УКРАИНА МЕФИРИСТАД
Президенти Украина Владимир Зелинский таъкид кард, ки Кореияи Шимолӣ барои дастгирии Русия силоҳ ва сарбоз мефиристад.
Вай дар муроҷиати видеоии худ 13-уми октябри соли 2024 таъкид кард, ки Украина бояд ҳамкориро бо иттифоқчиёни ғарбӣ барои муқовимат бо Русия ва Кореияи Шимолӣ тақвият диҳад.
“Ҳангоми муҳокимаи тақвияти Украина бо силоҳи дурпарвоз ва афзоиши таъминот, фаҳмидани он муҳим аст, ки сухан на он қадар дар бораи силоҳ, балки дар бораи зарурати тақвияти фишор ба душман меравад. Ин фишор бояд ба пешгирии низоъи низомии васеъмиқёс ва имкониятҳои Русия зиёдтар равон карда шавад”, - изҳор дошт Зелинский.
Президенти Украина қайд кард, ки татбиқи “нақшаи ғалаба” –и худро идома хоҳад дод, дар он шартҳои қатъии низоъ ва таъмини сулҳ зикр шудааст.
Маълумот дар хусуси он ки Пхенян неруҳои худро барои дастгирии неруҳои Русия мефиристад, бори аввал 11-уми октябри соли 2024 пайдо шуд.
ВАО бо такя ба мансабдорони баландпояи Украина ва Кореияи Ҷанубӣ хабар дод, ки муҳандисони Кореяи Шимолӣ ба Русия дар зарба задан ба Украина бо мушакҳои балластикӣ кумак мекунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад