28 Ноябр 2026,
шанбе, 08:50, Душанбе
06.08.2026 16:38

Зеленский: “Ду корхонаи коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор додем”

Раиси ҷумҳури Украина имрӯз эълом кард, ки артиши ин кишвар дар ҳамлаҳои худ ду корхонаи коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои Русия ва Украина, Владимир Зеленский имрӯз эълом кард, ки неруҳои украинӣ корхонаи коркарди нафти воқеъ дар Ҷумҳурии Бошқиристон ва вилояти Ярославлро дар ҳамлаҳои дурбурд ҳадаф қарор доданд.

Аксҳои нашршуда аз ин ҳамла, ба ҳаво бархостани дуди сиёҳро бар фарози шаҳри Ярославл нишон медиҳанд.

Раиси вилояти Ярославл ин ҳамларо “бузургтарин ҳамлаи паҳподии душман” тавсиф карда ва гуфтааст: “93 паҳпод раҳгирӣ шуданд, аммо бар асари суқути боқимондаҳои паҳподҳо, махзанҳои захираи нафт осеб диданд”.

Зеленский, ҳамчунин, эълом кард, ки ду қаиқи низомӣ ва чанд киштии вобастаи Русия дар Баҳри Сиёҳ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Тибқи эъломи артиши Русия, дар маҷмуъ 605 паҳподи украинӣ дар чанд минтақа, аз ҷумла Ярославл, раҳгирӣ ва нобуд шудаанд.

Украина дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои шадиде алайҳи зерсохтҳои Русия, аз ҷумла корхонаҳои коркарди нафт ва анборҳои тиҷорӣ анҷом додааст.

Дар муқобил, мақомоти Украина эълом карданд, ки бар асари ҳамлаи паҳподии Русия ба як минтақа, се нафар кушта шуда ва ду нафари дигар ҳам дар ҳамлае ба як истгоҳи роҳи оҳан ҷони худро аз даст доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.11.2026 06:13

Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд

Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.
27.11.2026 09:49

Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
27.11.2026 08:19

Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”

Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
27.11.2026 08:09

Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.