Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
Олмон паноҳҷӯёни афғонистониро ба ҷанги Украина мефиристад
Бархе расонаҳои русӣ бо такя ба сарчашмаҳои худ навиштанд, ки Олмон мехоҳад паноҳҷӯёни афғонистониро ба ҷанги Украина фиристад, то дар канори неруҳри украинӣ бар зидди Русия ҷанг кунанд. Гуфта шудааст, ки Олмон мехоҳад ин паноҳҷӯён ба “легиони байналмилалии дифоъ аз Украина” ҳамроҳ шаванд.
Легиони байналмилалии дифоъ аз Украина аз неруҳои довталаби хориҷӣ ташкил шудааст. Коршиносони амниятии Олмон ба шиддат бо ирсоли паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба ҷанг дар Украина мухолифат кардаанд.
“Фиристодани паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки бисёре аз онҳо пайрави андешаҳои исломгароии радикалиянд, бо давраҳои омӯзишии низомии зудҳангоми НАТО, хатари эҳтимолии терроризмро барои худи Олмон афзоиш медиҳад” – гуфтаанд, коршиносони амниятии Олмон.
Онҳо гуфтаанд, ки ҷалби паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои эҳтиёҷоти неруҳҳои мусаллаҳи Украина мустақиман бо манфиатҳои амниятии Олмон ва шаҳрвандони он дар зиддият қарор дорад. Бар асоси иттилои моҳи ноябр 800 ҷангҷӯи хориҷӣ дар канори артиши Украина бар зидди Русия меҷанганд.
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад