3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:19, Душанбе
18.02.2025 14:03

Сергей Лавров ва Марко Рубио музокироти сулҳи Украинаро дар Риёз оғоз карданд

Расонаҳои арабӣ гузориш медиҳанд, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия бо як ҳайат ва Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳайатии дигар дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ гуфтугӯҳо бар сари оташбас ва сулҳи Украинаро оғоз намуданд.

Сергей Лавров ва Марко Рубио субҳи имрӯз, 18-уми феврал дар қасри “Ал-Дараъия” –и Арабистони Саудӣ оғози раванди сулҳ ва поён додан бар ҷанги Украинаро баррасӣ намуданд.

Тибқи гузориши расонаҳо, ду ҷониб дар ҷараёни музокирот шеваҳои поён додан ба ҷанг ва расидан ба як тафоҳумномаро баҳс хоҳанд кард.

Қабл аз баргузории нахустин нишасти музокироти сулҳ, Сергей Лавров гуфта буд, ки дар музокироти сулҳи Украина фақат намояндагони Русия ва Амрико ширкат хоҳанд кард.

Ба назар мерасад, ки Русия ва Амрико бидуни ҳузури намояндагони Украина ва Иттиҳоди Аврупо масъалаи сулҳи Украинаро баррасӣ мекунанд. Сергей Лавров таъкид кард, ки ширкати Украина ва Иттиҳоди Аврупо дар раванди гуфтугӯҳо фоидае надорад.

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп баъди тамоси телефонӣ бо президенти Федератсияи Русия гуфт, ки раванди гуфтугӯ барои поёни ҷанги Украинаро бо Маскав оғоз хоҳад кард. Ӯ ишора намуд, ки гуфтугӯ дар робита ба қазияи Украина сиёсатҳои Амрико дар муқобили Русияро тағйир хоҳад дод.

Бар асоси гузориши расонаҳои украинӣ дар музокирот Украина ширкат намекунад ва аз ин Владимир Зеленский сахт нигарон аст. Владимир Зеленский гуфтааст, ки нигарони онам, дар ғайби Украина масъалаи ҷанг бо Русия ҳал шавад. Ӯ ҳушдор додааст, ки натиҷаҳои ҳосилшуда бидуни ҳузури Украинаро қабул нахоҳад кард.

Шаби гузашта Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия ва Юрий Ушаков, мушовири умури хориҷии Владимир Путин барои оғози раванди музокирот ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Мушовири умури хориҷии Владимир Путин Юрий Ушаков гуфта буд, ки музокирот “танҳо дуҷониба” хоҳад буд ва мақомоти Украина дар он ширкат нахоҳанд кард.

“Миссияи асосии ҳайатҳои Русия ва Амрико дар Риёз оғоз намудани одисозии равобит миёни Маскав ва Вашингтон аст” – гуфт Юрий Ушаков.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.