27 Ноябр 2026,
ҷумъа, 12:53, Душанбе
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳкими робитаҳои муштарак дар самти ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва татбиқи барномаҳои фарҳангии байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба навиштаи манбаъ, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ барои муаррифии арзишҳои волои тамаддуни тоҷикон, аз ҷумла мероси мусиқии Борбади Марвазӣ, дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.
27.11.2026 09:49

Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини директори генералии намояндагии Корпоратсияи давлатии «Росатом» дар Осиёи Марказӣ Дмитрий Константинов мулоқот намуд.
27.11.2026 08:19

Макрон: “Қатъи ҳимоят аз Украина амнияти Аврупоро ба хатар рӯбарӯ мекунад”

Раисҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҷанги Украина барои Аврупо масъалаи ҳаётӣ аст ва дар сурати танҳо гузоштани Киев, кишварҳои аврупоӣ амнияти худро дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ба хатар рӯбарӯ хоҳанд кард.
27.11.2026 08:09

Вазири корҳои дохилӣ бо сафири Кувайт дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Имрӯз, 26-уми ноябр дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сафири навтаъини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд.
27.11.2026 07:07

Тоҷикистону Полша масоили саёсӣ ва тиҷориву фарҳангиро баррасӣ карданд

Имрӯз, 26-уми ноябри сол дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо мушовири президенти Ҷумҳурии Полша Радослав Грук мулоқот намуд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.