3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:35, Душанбе
24.04.2025 12:16

Трамп Зеленскийро ба “халал расондан дар раванди сулҳ” муттаҳам кард

Доналд Трамп, президенти Амрико Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои мухолифат ба вогузории нимҷазираи Қрим ба хоки Русия ба халал расонидан дар раванди музокироти сулҳ муттаҳам кард.

Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишт, ки тафоҳум барои поён додани ҷанги Украина “хеле наздик аст, вале рад намудани шароити пешниҳодии Амрико аз сӯйи Зеленский метавонад боиси тӯл кашидани ҷанг” шавад.

Қаблан муовини президенти Амрико Джеймс Дэвид Вэнс  зимни ишора ба мавқеи Амрико дар хусуси созиши сулҳ дар ҷанги Украина гуфта буд, ки хати сарҳад миёни ду кишвар бар асоси қаламравҳои зери назорат мушаххас карда шавад.

Федератсияи Русия дар соли 2014 қаламрави Қримро ба хоки худ ҳамроҳ намуда буд.

“Ҳар ду бояд бахше аз қаламраверо, ки феълан дар ихтиёр доранд, вогузор намоянд” – таъкид кард Джеймс Дэвид Вэнс.

Владмир Зеленский як рӯз қабл изҳорот дод, ки дар хусуси вогузории қаламрави Қрим бо Русия музокира нахоҳад кард.

Вақте хабарнигорон аз Доналд Трамп дар Кохи Сафед пурсиданд, ки оё қабул мекунад, ки Қрим дар ихтиёри Русия бошад, гуфта буд, ки фақат мехоҳад ҷанг зудтар ба поён расад.

Владимир Путин чанде қабл омодагии худро барои гуфтугӯи мустақим бо Украина барои поёни ҷанг эълон кард. Баъди чандин сол бори нахуст аст, ки президенти Русия музокироти мустақим бо Украина сухан мегӯяд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.